Бунёди чойхонаи миллӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 19.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-То ҷашни Наврӯз-2015 дар шаҳри Хуҷанд чойхонаи миллӣ бунёд хоҳад шуд. Он дар шафати Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ, воқеъ дар маркази шаҳр бо тарҳу усули замонавӣ сохта мешавад.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ифтитоҳи чойхонаи мазкур дар остонаи Наврӯзи байналмилалӣ ба нақша гирифта шуда, он бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ бо дастгирӣ ва иштироки фаъоли соҳибкорони маҳаллӣ бунёд хоҳад гардид.
Мувофиқ ба маълумоти раиси шаҳри Хуҷанд, тибқи нақша тамоми корҳои ободониву навсозӣ ва гулзоркунии мавзеи мазкур ва инчунин бунёди чойхонаи миллӣ бояд то 10 март ба анҷом расонда шуда, ҳамзамон барои ороиши доимии атрофи ин мавзеъ зиёда аз 200 намуд гулҳои ороишӣ шинонда шуда, инчунин як мағозаи махсуси фурӯши гулу растаниҳои орошӣ низ сохта мешавад, ки он чун маркази маслиҳатдиҳӣ барои гулпарварон хизмат хоҳад кард.
Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки мутобиқ ба нақшаи таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонии соли 2015 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд тамоми чойхонаҳои мавҷуда таъмиру навсозӣ шуда, дар ин раванд дар 4 маҳаллаи шаҳр низ чойхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






