Бунёди майдонҳои боғ дар Восеъ
Душанбе, 31.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат бори дигар оид ба амнияти озуқавории кишвар, истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ ёдрас шудааст. Кишоварзони ноҳияи Восеъ Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кори худ намуда, ба бунёди боғҳои нав, истифодаи самараноки замин камар бастанд. Рустам Азимов, як сокини ноҳияи мазкур ба шинонидани ниҳолҳо оғоз намуда, дар оянда бунёди корхонаи хурди коркарди меваю сабзавотро ба нақша гирифтааст.
Рустам Азимов бо дастгирии ҳокимияти маҳаллӣ бо фарзандонаш тасмим гирифтааст, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб дар масоҳати 10 гектар боғи намунавӣ бунёд намояд. Ӯ мегӯяд, дар ин қитъаи замин сокинони зиёд масоҳати 10 -15 садякзаминиро гирифта кишоварзӣ мекарданд, вале мушкилоти нарасидани оби ирригатсионӣ барои парвариши ҳосили дилхоҳ имконият намедод. Аз ин рӯ бо хоҳиши онҳо ҳукумати ноҳияи Восеъ ба ин сокинон дар ҷои дигар замин ҷудо намуда, қитъаи мазкурро барои бунёди боғ омода сохт. Акнун оилаи Азимовҳо кӯшиш доранд, ки ба воситаи кубур об кашонида, дар баробари боғ дигар намуди махсулоти кишоварзиро низ парвариш намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






