Чорабиниҳои фарҳангӣ миёни сарбозону афсарон
Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар ҳафтаи гузашта дар Полки комендантии Вазорати мудофиа бо иштироки масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарону сарбозони полки мазкур ҷамъомад доир гардид.
Зимни дидорбинии навбатӣ масъулини кумита ба ҳайати ин қисми ҳарбӣ беш аз 400 нусха китоби бадеиву илмӣ тақдим намуданд ва пас аз суханрониҳои масъулони вохӯрӣ барномаи фарҳангиву фароғатии сарбозон дар ин қисми низомӣ оғоз гардида, он ҷавонаскарон, ки дар айни ҳол дар ҳайати ротаи посбони фахрӣ, оркестри ҳарбӣ- нафасӣ ва баталйони алоқаи Полки комендантӣ хизмати ҳатмии ҳарбиро ба ҷо меоранд, бо пешниҳоди саҳнаҳои ҳаҷвии пурмазмун ва суруду оҳангҳои ватандӯстона ҳунару истеъдоди хешро нишон доданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар байни сарбозону афсарони қисму воҳидҳои ҳарбӣ аз ҳар ҷиҳат манфиатбахш буда, дар баланд бардоштани рӯҳияи хизматии эшон нақши муҳим дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






