Дар баъзе минтақаҳои ВМКБ интиқоли барқ коҳиш ёфт
Хоруғ, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Файзи Мирҳасан).- Дар ҳоли ҳозир 86 фоизи истифодакунандагони барқи ширкати «Помирэнерҷӣ» — и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳар шабонарӯз баробари 24 соат бо барқ таъмин буда, вале кам шудани ҳаҷми оби дарёи Ғунд ва кӯли Яшикӯл баъзе минтақаҳо ҳар шабонарӯз аз 16 то 18 соат бо барқ таъмин мешаванд.
Ширкати «Помирэнерҷӣ» яке аз ширкатҳои пешқадаме аз нигоҳи тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, сифати хидматрасонии он ҳар сол ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҳарчи бештар наздик мешавад. Алҳол қариб ҳамаи иқтидорҳои барқдиҳандаи вилоят аз рӯи низоми нави назорат ва ба ҳисобгирии неруи барқ кор мекунанд.
Ба гуфтаи директори генералии ширкат Далер Ҷумъаев, аз истифодаи барқ қарздор будани як қисми истифодабарандагони он монеаи фаъолияти судманди ширкат мегардад. Масалан, қарзи корхонаи обу корези шаҳри Хоруғ 1 миллиону 10 ҳазор сомониро ташкил дода, ҳамзамон қарзи аҳолӣ нисбат ба соли 2013 баробари 24 фоиз коҳиш ёфтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






