Дар ДСРТ донишҷӯёни 10 кишвари хориҷӣ таҳсил мекунанд
Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Достонзода).- «Дар соли таҳсили 2014 — 2015 — ум 90 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон барои таҳсил ба донишкадаҳои олии Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон фиристода шуда буданд», — гуфт ноиби ректор оид ба равобити байналмилалии ДСРТ Умед Мансуров дар нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи Умед Мансуров, донишгоҳ барномаи таҳсили академиро дар ҳошияи лоиҳаҳои Донишгоҳи шабакавии ИДМ, Донишгоҳи СҲШ дар асоси дуҷониба бо донишкадаҳои олии мушорикон, ҳамчунин аз рӯи Барномаи рушди ДСРТ дар амал татбиқ менамояд.
Алҳол дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 117 нафар донишҷӯёни 10 кишвари хориҷӣ таҳсил менамоянд.
Ҳамчунин барои густариши рақобатпазирии донишкадаи олӣ 9 нафар омӯзгорони хориҷӣ аз Чин, Олмон ва Федератсияи Русия ба ҷараёни таълим ҷалб шудаанд. Дар соли нави таҳсил 25 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла 16 бакалавр ва 9 магистрант ба донишкада дохил шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ДСРТ соли 2014 ба ҳайати Лигаи донишгоҳҳои СААД ва Донишкадаи байналмилалии давлатҳои узви ИДМ аз рӯи бахшҳои таҳсилоти ҳастаӣ ворид гардид.
Имрӯз ин муассисаи таҳсилотӣ бо 61 донишгоҳҳои хориҷӣ равобити ҳамкорӣ дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






