Дар ДСРТ факултаи журналистика кушода хоҳад шуд
Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- «Зарурати дар ояндаи наздиктарин кушодани факултаи журналистика ба миён омадааст, зеро заминаи илмию назариявӣ ва амалии шуъбаи журналистика барои ташкили факултаи мустақил ба сатҳи кофӣ расидааст», — гуфт ноиби ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон оид ба корҳои таълимӣ Хусрав Ҷамшедов дар нишасти матбуотӣ, ки 14 январ баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки бинобар кифоят накардани муаллимони фанҳои мухталифи мактабҳои русзабони кишвар бо мувофиқаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармони № 1114 аз 27 июли соли 2014 тасмим гирифта шуд, ки 5 самти бакалавриат (физика, кимиё, биология, риёзӣ ва таҳсилоти омӯзгорӣ) ва 10 самти магистратура доир карда шавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






