Дар Маскав нархи патент чанд аст?
Душанбе, 05.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бинобар ба мавқеи иҷро расидани талабҳои нав барои патент ба даст овардани шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия дар васоити ахбори оммаи мухталиф иттилооти пешакӣ дар мавриди сарфи маблағҳо ҳангоми гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда барои фаъолияти меҳнатӣ пайдо гардиданд.
Назар ба хабари котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов, баъзеи ин хабарҳо ҳақиқати воқеии қоидаҳои навро пурра инъикос намекунанд. Дар асоси талабҳои нави қонуни муҳоҷират ҳар минтақаи Федератсияи Русия ҳуқуқ дорад, ки пешпардохти якмоҳаи фаъолияти меҳнатиро муқаррар намояд.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, дар шаҳри Маскав ин маблағ 4000 рублро ташкил медиҳад. Ноҳияҳое низ мавҷуданд, ки дар онҳо маблағи андози даромади шахсони воқеӣ барои як моҳи кор баробари 2300 рубл мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли нав дар пойтахти Русия ба манзури ҳалли судманди фаъолият дар шаҳри Маскав Муассисаи буҷавии давлатии «Маркази серфаъолияти муҳоҷират» ба муҳоҷирони меҳнатӣ додани патентҳоро ба ӯҳда дорад.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки барои гирифтани патент дар шаҳри Маскав, ҳамчунин ба шуъбаҳои Маркази серфаъолияти муҳоҷират ба суроғаи зерин муроҷиат кардан мумкин аст: кӯчаи Баррикадная, бинои 4; кӯчаи Ботаническая, бинои 8; кӯчаи 8 — я Парковая, бинои 14 а; хиёбони Ленин, бинои 123; Карамишевская набережная, бинои 14; кӯчаи Маршал Кожедуб, бинои 2/1; кӯчаи Братьев Фомченко, бинои 8; кӯчаи Судостроительная, бинои 4; кӯчаи адмирал Макаров, бинои 23, сохтмони 1; шаҳри Зеленоград, бинои 347.
Ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунин метавонанд аз рӯи аксари масъалаҳои ҷорӣ ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР воқеъ дар шаҳри Маскав муроҷиат кунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






