Даргузашти генерал-майор Вайсиддин Азаматов
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо андӯҳи зиёд хабар медиҳад, ки 13 январи соли 2015 пас аз бемории дуру дароз дар 63-юмин соли умраш муовини аввали директори агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Вайсиддин Азаматов аз олам чашм пӯшид.
Азаматов Вайсиддин Азаматович 25 декабри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳоло вилояти Хатлон) таваллуд шудааст. Аз соли 1971 то 1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар Қазоқистон хизмат намудааст. Аз соли 1979 то 1983 дар Мактаби олии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тошканд таҳсил намуд. Аз соли 1984 то 2001 дар вазифаҳои гуногун дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намудааст.
Аз соли 2001 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вазифаи сардори раёсат дар вилояти Хатлон ва аз соли 2007 дар вазифаи муовини аввали директор кор намудааст.
Солҳои навадум Вайсиддин Азаматов дар ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда буд.
Вайсиддин Азаматов бо як силсила мукофоти ҳукуматӣ, аз ҷумла бо медали «Хизмати шоиста», инчунин мукофотҳои идоравӣ қадрдонӣ гардидааст.
Дар хотираи ҳамкорон Вайсиддин Азаматов ҳамчун инсоне мемонад, ки умри безаволи худро баҳри хизмат ба Ватан бахшидааст.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба хешовандон ва наздикони генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Азаматов Вайсиддин Азаматович изҳори ҳамдардӣ менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






