Дархости “Хайр” барои ширкат дар Ҷоми АФК-2015

Январь 6, 2015 09:06

Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи «Хайр”-и Ваҳдат, соҳиби ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, ба дархост барои ширкат дар Ҷоми АФК-2015 бисту як бозингарро пешниҳод кардааст. Тавре ки дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, ҳайати дастаи «Хайр”-ро бозингарони нав, дарвозабон Рустам Ризоев, ҳимоятгар Ҳасан Рустамов ва ҳамлагар Шодибек Ғаффоров, ки дар мавсими гузашта дар дастаи «Энергетик»-и Душанбе бозӣ мекарданд, пурра намуданд. Инчунин ба дархости «Хайр” барои ширкат дар Ҷоми АФК ҳимоятгар Сафаралӣ Каримов аз «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан ва ҳамлагар Меҳроҷиддин Музаффаров, бозингари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки порсол дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекард, дохил шудаанд. Гуфта мешавад, ки ба «Хайр» барои он ки ба даври гурӯҳӣ роҳ ёбад, ду ғалаба ба даст овардан зарур аст. Дар даври интихобӣ рақиби «Хайр» қаҳрамони Бангладеш — бошгоҳи «Шайх Рассел» — мебошад. Ин бозӣ 10-уми феврали соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар мавриди пирӯзӣ, ”Хайр” дар даври сеюм ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 — бошгоҳи «Салом Ҷҳарта»- рақобат хоҳад кард.

Январь 6, 2015 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд