Дарвозабони дастаи мунтахаби Қирғизистон дар клуби «Хуҷанд»
Душанбе, 08.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дарвозабони дастаи мунтахаби миллии Қирғизистон Валерий Кашуба имкон дорад, ки маҳорати варзишиашро дар клуби футболи «Хуҷанд» нишон диҳад.
Назар ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Кашуба, ки мавсими соли гузашта дар дастаи «Олой» — и шаҳри Ӯш бозӣ мекард, дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии «Осоишгоҳи Баҳористон», ки аз 13 то 25 январ дар шаҳри Қайроққум баргузор мегардад, шарафи клуби «Хуҷанд» — ро муҳофизат менамояд.
Сармураббии клуби футболи «Хуҷанд» Нӯъмонҷон Юсуфов дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ин хусус хабар дод. Ба гуфтаи Нӯъмонҷон Юсуфов, дар сурати маҳорати касбиашро ба дараҷаи баланд нишон додани ин дарвозабон қарордод дар бораи фаъолияти номбурда имзо хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Валерий Кашуба аз ин пеш дар дастаҳои футболи «Дордой» СКА — ПВО, «Абдишота», «Олға» ва «Олой» -и Қирғизистон қувваозмоӣ менамуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






