Даст ба ҷиноят задани шахсони масъули муқовимат ба коррупсия

Январь 27, 2015 13:55

Душанбе, 27.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бо мақсади таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва содиршавии ҷиноятҳои коррупсиониро дар  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар давраи соли 2014 мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод. 
Бино ба иттилои  Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  шуд, ки содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи кормандон ва шахсони масъули корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар давраи таҳлилӣ низ кам нагаштааст.  
Таҳлил нишон дод, ки кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки мувофиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” барои иҷрои вазифаҳои муқовимат ба коррупсия масъул мебошанд, худ даст ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ задаанд. 
Чунончи,  директори КВД «Бозори Саховат» Б.Қ.  Абдуллоев бо истифода аз мақоми хизматии худ аз директори ҶДММ «Ҷамил» Д.Н. Салимов маблағи 100 ҳазор сомонӣ гирифта, онро тасарруф намудааст. Ҳамчунин сардори шуъбаи савдо ва захираи КВД «Бозори Саховат» М.М. Комилов барои хариди молу маҳсулот ва сафари хизматӣ аз хазинаи корхона маблағи 21 ҳазору 455 сомонӣ гирифта, онро азони худ кардааст. Муҳосиб-назоратчии КВД «Нақлиёти махсус оид ба кашонидани партовҳои сахти маишӣ» -и н.Фирдавсӣ М. Давлатов бо истифода аз ваколати мансабдорӣ 5590 сомонӣ маблағҳои давлатиро азони худ намудааст. Дар соли 2014 аз ҷониби кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 18 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст. Аз ҷумла, аз шумораи умумии ҷиноятҳо 12 ҷиноят бо моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 3 ҷиноят бо моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ), 1 ҷиноят бо моддаи 279 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ришвадиҳии тиҷоратӣ), 1 ҷиноят бо моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) ва 1 ҳолат аз дигар намуди ҷиноят содир  шудааст.
Омӯзиш ва таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нишон дод, ки яке аз сабабҳои мусоидаткунандаи содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ин интихоб ва ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар корхона ва муассисаҳои давлатӣ, дар сатҳи паст қарор доштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва ҳисси пасти масъулиятнокии онҳо, надонистани қонунгузории ҷорӣ оид ба муқовимат бо коррупсия мебошад. Омили дигари ба содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ин дар сатҳи кофӣ ба роҳ намондани назорати дохилиидоравӣ аз боли зердастон мебошад. Тибқи таҳлили гузаронидашуда сабаби дигари ба содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда дар он мебошад, ки гарчанде, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе Барномаи дохилиидоравии мубориза бо коррупсия вобаста ба иҷроиши “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тартиб дода шуда, қабул гардидааст, ҳам иҷро ва назорати иҷрои он, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ дар самти пешгирии коррупсия аз тарафи масъулин дуруст ба роҳ монда нашудаанд. Аз ҳамин лиҳоз зарур аст, ки омӯзиши пурраи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии вобаста ба муқовимат бо коррупсия, бурдани корҳои фахмондадиҳӣ, аз ҷумла гузаронидани семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо дар байни масъулин вобаста ба пешгирии хавфҳои коррупсия ба роҳ монда шаванд.

Январь 27, 2015 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд