Дастаи хонандагони тоҷик дар қатори 7 дастаи беҳтарин
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Аз 10 то 17 январи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи 11-уми байналхалқии Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва технологияи информатсионӣ доир гардид.
Бино ба иттилои сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов, дар он аз 15 давлат 57 даста, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 хонанда аз мактаби Президентии шаҳри Чкалов, литсей-интернати Президентии шаҳри Душанбе, литсейи Президентии шаҳри Турсунзода, литсейи назди филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, литсей- интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе, литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол, гимназия-интернати Тоҷикистон-Русия «Ҳотам ва ПВ» шарафи Тоҷикистонро ҳимоя намуданд.
Тавре ки манбаъ афзуд, натиҷаи олимпиада нашон дод, ки Меҳрубон Тӯраев — хонандаи синфи 11-и гимназия-интернати Тоҷикистон-Русия «Ҳотам ва ПВ» ҷойи аввал, Каломиддин Кличев -хонандаи синфи 11-и литсей-интернати муштараки тоҷикӣ -туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе ҷойи дуюм, Фаррух Каримов, Собир Бибизода, Мурод Мирҷалилов, Суҳайли Баҳодурӣ- хонандагони литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе ва Диловар Маҳмудов — хонандаи гимназия-интернати Тоҷикистон-Русия «Ҳотам ва ПВ» сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар маҷмӯъ, бо гирифтани 1 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 7 дастаи беҳтарин шомил шуда, сазовори диплом гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






