Дастгирии соҳибкорон дар Хатлон
Қўрғонтеппа, 06.01.2015 (АМИТ «Ховар», Муроди Мурод).- Дар шаҳри Қўрғонтеппа ҷаласаҳои гурўҳи кории Шўрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба манбаҳои молиявӣ барои соҳибкории истеҳсолӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаҳо аъзои гурўҳи корӣ, намояндагон аз бахши давлатӣ, хусусӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок карданд.
Чаласаи гурўҳи корӣ масъалаҳои дастрасӣ ба манбаҳои молиявӣ барои соҳибкории истеҳсолӣ ва омода намудани пешниҳодот вобаста ба ҳалли мушкилот дар дастрасӣ ба манбаҳои молиявӣ барои соҳибкории истеҳсолиро дар вилояти Хатлон баррасӣ намуд.
Гурўҳи кории мазкур тибқи қарори протоколии ҷаласаи 13 Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ вобаста ба дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти миллӣ ва дархосту муроҷиати иттиҳодияҳои соҳибкорони вилояти Хатлон ташкил шудааст. Мақсади гурўҳи корӣ гузаронидани чорабиниҳои омӯзишиву таҳлилӣ вобаста ба “Дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ барои соҳибкории истеҳсолӣ” буда, дар назар дошта шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ва дастгирии шарикони рушд мушкилоти соҳа омӯхта шуда, пешниҳодоти гурўҳҳои корӣ оид ба бартараф намудани мушкилот дар ҷаласаи навбатии Шўрои машваратӣ мавриди баррасӣ ва қабули тавсияҳо ба сохторҳои дахлдор қарор мегирад.
Зикр гардид, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби аъзои Шўрои машваратӣ, намояндаи ташкилотҳои байналмилалӣ — лоиҳаи “Мусоидат ба савдои”-и Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид (БРСММ) дастгирӣ ёфтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






