Дастурҳои таълимию методӣ барои мактаб-интернатҳои махсус
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, то имрӯз аз ҷониби ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм 41 номгӯй китобу дастурҳои таълимӣ, методӣ ва ёрирасони мактаб-интернатҳои махсус ба чоп тавсия гардида, дар айни замон 21 китобу дастурҳои таълимию методӣ ва ёрирасон дар дасти муаллифон ва муқарризон қарор доранд.
Татбиқи “Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
То имрӯз муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо 48 ҳазору 125 адад компютер, 8008 адад принтер таъмин гардидаанд, ки ин 100,2 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






