«Девон» — и Абулфазли Сират нашр гардид
Душанбе, 03.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо эҳтимом, пешгуфтор ва таҳияи профессор Матлубаи Мирзоюнус китоби «Девони Абулфазли Сират» аз тариқи нашриёти «Нури маърифат»-и вилояти Суғд дар ҳаҷми 100 саҳифа ба нашр расид.Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, адиби номвари нимаи дуюми садаи ХIХ Абулфазли Сират, ки дар фазлу дониш ва сухангустарӣ шуҳраи замон буд, вале ба иллати он ки ҷаҳоншиносии эшон ба мафкураи замони шӯравӣ мувофиқ набуд, ин шоир аз назарҳо дур монда ва таълифоташ низ мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст. Ҳоло фурсати он расидааст, ки ин давраи нисбатан камтар омӯхташудаи адабиёт дубора мавриди таҳқиқ ва арзишдоварӣ қарор гирад.Дар сарсухани рисола зикр гардидааст, ки Абдулфазли Сират аз адибони хушзавқ ва аз пайравони Бедил маҳсуб меёбад. Дафтари ашъораш бо як сарсухани кӯтоҳи шоир аз ҳаводиси айём маҳфуз монда, дар захираи дастхатҳои шарқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери шумораи 858 нигоҳ дошта мешавад ва аз 77 саҳифа иборат аст. Ин дафтари ашъори Сират аз анвои гуногун: маснавиву қасида, ғазалу қитъа, моддаи таърих ва рубоӣ, муаммову муфрадот иборат аст.Дар «Девони Абдулфазли Сират» қасоид, маснавии «Базми ҳайрат воқеъ дар Шаҳрисабз», ғазалиёт, мутафарриқот, фард, дар ҷавоби фитрат, дар ҳангоми қазовати китоб ба яке аз дӯстон, рубоиёт, таърих, муаммоҳо, рисолаи чиҳил ҳол дар фароиз ва ғайраҳо гирд оварда шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






