Диққати хосса ба таълими кӯдакони дорои имконияти маҳдуд
Душанбе, 05.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Вазорати маориф ва илм ба тарбия ва таълими кӯдаконе, ки имконияти маҳдуд доранд, аҳамияти хосса медиҳад, -зикр шуд имрӯз зимни нишасти матбуотии ин вазорат. Дар ҷумҳурӣ 12 кӯдакистони махсуси табобатӣ (санаторӣ) бо фарогирии 3422 нафар кӯдак амал менамояд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 4 адад ва дар шаҳри Душанбе 8 адад чунин кӯдакистон мавҷуд аст.
Вазорати маориф ва илм ислоҳоти соҳаро аз зина оғоз намуда, барои рушди он, пеш аз ҳама фаъолияти худро дар таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа амалӣ менамояд. Дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шуд.
Бори аввал дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” дар ҳамкорӣ бо вакилони маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳия гардид, ки заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии рушди соҳаи томактабиро муайян менамояд,- гуфт вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз, 5-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






