Дидори дӯстонаи тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Молдив

Январь 30, 2015 12:17

Душанбе, 30.01.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва  Ассотсиатсияи футболи Молдив, ҷиҳати баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ҳар ду кишвар тавофуқ карданд. 
Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, вохӯрӣ рӯзи 26-уми марти соли равон  дар Молдив баргузор мешавад. Дар айни замон тими мунтахаби миллии Молдив дар раддабандии ФИФА дар зинаи 131-ум ва мунтахаби миллии Тоҷикистон дар зинаи 136-ум қарор дорад.
Гуфта мешавад, ки қаблан дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Молдив ду маротиба бо ҳам вохӯрданд. Бори аввал дар Бозиҳои Осиёӣ-1998 дар Таиланд буд, ки дар ин бозӣ  футболбозони тоҷик бо ҳисоби калони 3 бар 0 ғолиб шуданд. Бори дуюм тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Молдив дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё — 2012 дар Мали бо ҳам рӯ ба рӯ шуда, бозӣ мусовӣ бидуни гол анҷом шудааст.

Январь 30, 2015 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст