ДМИТ бо 600 компютер таъмин гардид

Январь 22, 2015 16:26

Душанбе, 22.01.2014. (АМИТ “Ховар”, Раъно  Нусратуллозода).-Дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2010 — 2015” донишкада бо зиёда аз 600 компютер, миқдори зиёди принтерҳо таъмин гардидааст. Дар донишкада 9 синфхонаи компютерӣ ва 6 синфхонаи лингофонӣ амал мекунад,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солиев имрӯз, 22 январ.
Бо мақсади тадриҷан вусъат бахшидани истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ дар раванди таълим ва дастрасии омӯзгорону кормандон ба маводи электронии иттилоотию таълимӣ, илмию методӣ курси омӯзишии «Технологияи  иттилоотӣ- иртиботӣ дар раванди таълим» барои омӯзгорон ва кормандони донишкада ташкил шуд. Дар машғулиятҳо зиёда аз 160 нафар устод иштирок намуда, нозукиҳои истифодаи технологияи муосирро аз худ намуданд. 
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар муҳайё сохтани ҷанбаҳои меъёрӣ ва ҷуcтуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим, саҳми Шӯрои илмию методии донишкада назаррас  буда, дар натиҷаи фаъолияти он соли 2014  8  китоби дарсӣ, 8 монографияи илмӣ, 11  дастури методӣ, 21 васоити таълимӣ ва зиёда аз 600 мақолаву маърӯзаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия ва чоп шуданд. 
Ҳамзамон 492 барномаи таълимӣ ва барномаҳои васеи корӣ(силлабус) муҳокима ва ба чоп тавсия гардид. 
Дар нимсолаи дуюми соли 2014  8 маротиба мониторинги сифати таълим, мониторинги истифода аз адабиёти таълимӣ, мониторинги самаранокии истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим ва назарпурсиҳо гузаронида шуданд.
 
 

Январь 22, 2015 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!