ДМИТ: Таъмини мутахассисон бо ҷои кор
Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз вобаста ба тақсимоти хатмкунандагони ихтисосҳои марбута дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ҷаласа доир гардид, ки дар ҷараёни он сардори Раёсати кадрҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Иззатуллоев иштирок дошт. Тавре ки сухангӯи ДМИТ Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар ҷаласа Ғиёсиддин Ашуров, муовини ректор оид ба илм афзуд, ки кадрҳои омода намудаи мо пас аз 4 соли таҳсил ба тариқи буҷавӣ ба корхонаву муассисаҳои давлатӣ равона мешаванд. Мутобиқи қарордоди сетарафаи фаъолияти якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, ДМИТ ва донишҷӯ, мутахассиси ҷавон дар ҷойи кори зикршуда на камтар аз се сол бояд фаъолият барад, ки ин уҳдадории ҳар як нафари онҳо дар рушду таҳкими соҳаи иқтисодиёти кишвар аст,- илова намуд мавсуф.
Сардори Раёсати кадрҳои Вазорати молияи ҶТ Амонулло Иззатуллоев иброз дошт, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассиси донишкада маҳсуб меёбад, ҳамеша омода аст мутахассисони қобилиятнокро бо ҷойи кор таъмин намояд.
Бояд гуфт, ки хатмкунандагон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи омори назди Ҳукумати ҶТ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, раёсати молияи шаҳру ноҳияҳо, филиалҳои КВД «Тоҷиксуғурта» дар маҳалҳо, бонки «Эсхата» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои анҷоми фаъолияти меҳнатӣ роҳхат гирифтанд.
Устодон Шукрулло Хайров, декани факултаи молия ва қарз ва Саъдихоҷа Маъдиев, мудири кафедраи суғурта сухан гуфта, дар хусуси фаъолияти минбаъдаи кадрҳои ҷавон маслиҳатҳои муфид доданд ва онҳоро ба фаъолияти пурсамару софдилона даъват намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






