Дохилшавии ДСРТ ба ҳайати Лигаи донишгоҳии СПАД

Январь 14, 2015 16:07

          Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).- Танҳо  дар соли 2014  Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ)  бо 61 донишгоҳи  хориҷӣ  робитаҳои муштарак  барқарор намуда, дар давоми 2 сол  миқдори донишгоҳҳои ҳамшарик ду маротиба  зиёд гардид. «Дар соли  2014  донишгоҳ ба ҳайати Лигаи донишгоҳии СПАД ва Донишкадаи байнидавлатии давлатҳои  ИДМ аз рӯи самтҳои таҳсилоти ҳастаӣ дохил гардид»,-иттилоъ дод  Хусрав  Ҷамшедов — муовини ректор оид ба таълими ДСРТ имрӯз,  14 январ зимни нишасти хабарии ин ниҳод. 
          Ба гуфтаи Хусрав Ҷамшедов  феълан дар ДСРТ 117 донишҷӯи хориҷӣ  аз 10 мамлакат таҳсил намуда, ҳамасола курсҳои забони русӣ  барои  ин шунавандагони хориҷӣ ташкил мешаванд. «Дар соли нави таҳсил ба ин курсҳо  ҳамагӣ 25 донишҷӯи хориҷӣ дохил шуд, ки аз он 16 бакалавр ва 9 магистр мебошад»,-иброз  дошт Хусрав Ҷамшедов. 
         Дар соли таҳсили 2014-2015  90  нафар  донишҷӯи  ДСРТ ба макотиби  олии  муштараки  Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон фиристода шуд. Инчунин  баҳри баланд бардоштани рақобатпазирии донишгоҳ  9  омӯзгори  хориҷӣ   аз Ҷумҳурии мардумии Чин, Олмон ва Федератсияи Русия ба раванди  таълим ҷалб шуд.
 

Январь 14, 2015 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд