Ду корманди АНМН ҷиноят кардааст
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Соли 2014 кормандони агентӣ 154 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуда, 981 килограмму 681 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 52 килограмму 781 грамм героин, 184 килограмму 894 грамм тарёк ва 744 килограмму 006 грамм бангдонаро мусодира карданд. Ғайр аз ин ду ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари сунъӣ ва моддаҳои фалаҷкунандаи асаб ба қайд гирифта, 3 ҳазору 36 дона қурс (таблетка) — и маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ бароварда шуд», — гуфт директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода дар нишасти матбуотӣ.
Рустам Назарзода ҳамчунин зикр намуд, ки дар давраи ҳисобот 200 парвандаи ҷиноии вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кушода шуд, ки нисбат ба нишондодҳои соли 2013 баробари 29 фоиз зиёд аст. Алҳол 103 парвандаи ҷиноӣ нисбати ба 155 нафар гунаҳкорон ба суд ирсол шудааст.
«Дар ин давра 14 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир содир намуданд, ки 2 нафарашон кормандони агентии мо мебошанд», — гуфт Рустам Назарзода.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






