Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Маккаи Мукаррама
Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдо байни наврасону навҷавонони кишварҳои арабӣ, ки дар шаҳри Маккаи Мукаррама (Арабистони Саудӣ) баргузор шуд, соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқа се паҳлавони ҷавони тоҷик — Ёсин Неъматов (66 кг), Раҳмихудо Шарифов (81 кг) ва Хуршед Маҷидов (90 кг) дар ҳайати дастаи Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат карданд. Ёсин Неъматов ва Хуршед Маҷидов, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Федератсияи дзюдои Тоҷикистон инчунин хабар дод, ки паҳлавони дигари тоҷик Маҳмадрасул Сайидумаровдар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Беларус дар шаҳри Могилёв дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кг барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






