Душанбе: истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ-120,6%
Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ-декабри соли 2014 аз рӯи маълумоти фаврӣ 9394, 3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ- декабри соли 2013 6,8 фоиз афзудааст,- иброз дошт Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 16 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Мувофиқи маълумоти пешакии Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-декабри соли 2014 ҳаҷми буҷетӣ шаҳр ба андозаи 106,5 фоизи нақшаи ба ҳамин давра пешбинишуда иҷро гардидааст. Дар моҳҳои январ-декабри соли 2014 хароҷоти буҷети шаҳр ба андозаи 89,7 фоиз иҷро гардидааст.
Ба рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ 70,9 фоиз, барои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 0,8 фоиз, барои маориф 14,2 фоиз ва нигаҳдории тандурустӣ 8,6 фоизи ҷамъи маблағ сарф шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар моҳҳои январ-декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба маблағи 1103,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 120,6 фоизро ташкил кард. Дар моҳи декабри соли 2014 ба маблағи 110,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз сатҳи соли 2013 15,7 фоиз зиёд аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






