Э. Раҳмон: Дар роҳи пешрафти кишвар мушкилот боқӣ мондаанд

Январь 23, 2015 14:27

Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015» бо азму талоши Ҳукумат, шарикони рушд ва заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пурра ё қисман ҳал  шудаанд»,-таъкид дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 январ зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар баробари ин, бо сабаби вақт ва захираҳои зиёдро талаб кардани ҳалли баъзе масъалаҳо ва мавҷудияти монеаҳои муайян дар ин самт, инчунин вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон ҳоло ҳам дар роҳи пешрафти кишвар як силсила мушкилот боқӣ мондаанд.
«Мо бояд сиёсати иқтисодии худро тарзе ба роҳ монем, ки тавассути истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва дигар дороиҳо рақобатнокии иқтисоди миллӣ баланд бардошта шавад»,-илова намуд Сарвари давлат..
Ҳоло натиҷаҳои «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015» дар сатҳи вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ шуда истодаанд.
Ба гуфтаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, моҳи феврали соли ҷорӣ ҳисоботи фосилавии стратегияи зикршударо дар Шӯрои миллии рушди назди Президенти кишвар ва Форуми рушд баррасӣ карда, ҷиҳати таъмин намудани пешрафти босуботи мамлакат барои давраи то соли 2030 силсилаи ташаббусу пешниҳодҳо муҳокима мегарданд.
«Дар иртибот ба ин, бори дигар изҳор медорам, ки ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи фазои орому осудаи зиндагии шаҳрвандон, расидан ба меъёрҳои баландтари некӯаҳволии мардум ва шароити боз ҳам беҳтари иҷтимоӣ, тақвияти қонуният ва адолат ва дар маҷмӯъ, ба таъмини амнияти давлат, шаҳрвандон ва ҷомеа равона мешаванд»,-баён дошт Эмомалӣ Раҳмон.
 

Январь 23, 2015 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!