Э. Раҳмон: интихобот бояд шаффофу демократӣ доир гардад
Душанбе, 24.01.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Якуми марти соли ҷорӣ дар кишварамон маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо баргузор мегардад. Ин чорабинии сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир гардад,-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми солонааш ба вакилони Парлумони кишвар.
Ба таъкиди мавсуф, сохторҳое, ки ба баргузории ин чорабинӣ масъуланд, бояд ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар муҳайё созанд.
«Интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад. Ман бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем. Мақомоти қонунгузори кишвар — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ҳамасола барои рушди қонунгузорӣ корҳои хубу босамар анҷом медиҳанд ва қобили зикр аст, ки фаъолияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар панҷ соли охир хеле назаррас буд. Дар баробари ин, мехоҳам ба ҳамаи вакилоне, ки тайи панҷ сол дар Маҷлиси Олӣ заҳмат кашида, дар қабули қонунҳо ва дигар санадҳои муҳими давлатӣ фаъолона иштирок намуданд, изҳори сипос намоям. Умед аст, ки фаъолияти қонунгузорӣ аз тарафи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони тозаинтихоб боз ҳам густариш дода мешавад»,- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Паёми солонааш ба Парлумон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






