Эътирози аврупоиҳои ватанпараст
Душанбе,07.01.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Ройтерз Ҷунбиши «Аврупоиҳои ватанпараст алайҳи исломӣ шудани Ғарб», ки созмондиҳандаи ин эътирозҳо аст, дар ин рӯзҳо дар шаҳри Дрезден эътирозҳо баргузор мекунад. Аммо биноҳои бузург дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумлаи калисои ҷомеи шаҳри Кёлн ва дарвозаи Бранденбург дар Берлин дар эътироз ба ин тазоҳуротҳо чароғҳои худро хомӯш карда ва дар хомӯшӣ фурӯ рафтанд.
Душанбе, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Президенти ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар суҳбат бо хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар дар Минск эълом дошт, ки дар вазъияти кунунӣ Минск маҷбур аст сифати маҳсулоти худро баланд бардорад ва бозорҳои навро ҷустуҷӯ кунад, зеро «наметавон пойбанди як ё якуним бозор шавад». Гуфта мешавад, ки Эрон — бозори нав барои тавлидоти Беларус шуда, ду кишвар дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодиву сиёсӣ ба созиш расиданд.
Душанбе,07.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои шабакаи хабарии CNN-и туркӣ шаби гузашта як зани рӯйпӯшида худро дар постгоҳи пулиси як маҳаллаи Истанбул мунфаҷир кардааст, ки дар натиҷа як афсари пулис ба қатл расида ва як тани дигар захмӣ шудааст. Аммо то ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё шахсе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Вале рӯзномаи «Ҳуррият» -и Туркия менависад, ки ҳувияти зани ҳамлакунанда рӯшан шудааст ва ӯ аз аъзои гурӯҳи радикали чапгарои «Ҷабҳаи озодии халқи инқилобӣ» аст. Гуфта мешавад, ки аз сӯи дигар, Туркия бо хатари ҳамлаҳои эҳтимолии гурӯҳҳои тундрав рӯ ба рӯ аст, ки дар ҳоли ҳозир дар наздикии марзҳои он кишвар бо Сурия ҳузур доранд.
Душанбе ,07.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки Парлумони Покистон хабар медиҳад, маҷлиси поёнӣ ва маҷлиси болоии Покистон ба иттифоқи оро расида, тағйиротро дар бораи қонуни ҳукми қатл 6 январ ба тасвиб расонда, барои имзо ба раиси ҷумҳур пешниҳод намуд. Гуфта мешавад, ки ин тағйирот ду сол эътибор хоҳад дошт. Вале фаъолони ҳуқуқи башар ҳукуматро танқид кардаанд, ки ҳукми қатл дар кишварро дубора аз сар мегирад ва муттаҳамони террорро эъдом мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






