Фаъолияти эҷодии 16 театри касбӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 17.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар соли сипаришуда аҳли санъати ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 16 театри касбӣ, аз ҷумла 6 театр дар шаҳри Душанбе, 6 театр дар вилояти Суғд, 3 театр дар вилояти Хатлон, 1 театр дар ВМКБ ва ҳамагӣ 10 муассисаи консертию эҷодӣ фаъолият дорад.
Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода зикр намуд, ки дар муассисаҳои театрию консертӣ 1295 нафар ҳунарпеша, аз ҷумла, 2 нафар Ҳунарпешаи халқии СССР, 69 нафар Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 72 нафар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 8 нафар Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 9 нафар дорандаи ордени “Шараф”, 43 нафар дорандаи медали “Хизмати шоиста”, 3 нафар корманди шоистаи Тоҷикистон, 15 нафар дорандаи “Ифтихорномаи”- и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар Рассоми халқии Тоҷикистон, 3 нафар барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуадӯллоҳи Рӯдакӣ фаъолияти эҷодӣ дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






