Фаъолияти муназзами 3589 масҷиди панҷвақта дар кишвар
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба низом даровардани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҳимояи фазои андешаи динӣ корҳои мушаххасро анҷом додааст.
Тавре ки дар ин бора Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон имрӯз, 6 январ зимни нишасти хабарии хеш иттилоъ дода гуфт, дар айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 1 Маркази исломӣ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 369 масҷиди ҷомеъ, 3589 масҷиди панҷвақта, 2 адад Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, 72 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, 1 ҷамоатхона, 1 ҷамоаи динии ғайриисломӣ, дар маҷмўъ 4089 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо муътадил тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра фаъолияти 1 адад масҷиди ҷомеъ ва 3 адад масҷиди панҷвақтаи расмӣ бо қарори ҳайати муассисон барҳам дода шуд. Ҳамчунин дар ин давра 23 иттиҳодияи динӣ (1 адад ташкилоти динии Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 4 адад масҷиди ҷомеъ ва 17 адад масҷиди панҷвақта) ба қайд гирифта шуд,-иброз дошт А. Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон имрӯз зимни нишаст ба хабарнигорон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






