Фаъолияти пурсамари собиқадори меҳнат
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд бахшида ба 70- солагии собиқадори меҳнат Мағфират Дадобоева ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Мағфират Дадобоева дар давоми фаъолияти зиёда аз 40 солаи худ дар комбинати шоҳибофии шаҳри Хучанд тавонист аз коргари оддӣ то ба дараҷаи намояндаи халқ дар мақоми қонунгузори Иттиҳоди Шӯравӣ, ходими ҳизбӣ, зани фаъол ва устоди чандин шахсони арзандаи диёр гардад.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки бунёди Қасри фарҳанги «Абрешимчӣ», ки имрӯз номи Қасри фарҳанги ба номи А. Рӯдакиро дорад, таъсиси филиали Донишкадаи политехникӣ дар маркази вилоят ба фаъолияти пурсамари ӯ иртибот дошта, ӯ аз ҷумлаи саҳмгузорон маҳсуб меёбад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






