Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2015 10:56

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Прокурори генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани
Салимзода Ш.О.
 
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Салимзода Шерхони Одина аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе
24 январи соли 2015
№330
___________________
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Прокурори генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани
Раҳмонов Ю.А.
 
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Раҳмонов Юсуф Ахмедович Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе
24 январи соли 2015
№330
 
 
Раҳмонов Юсуф Ахмедович —
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
РАҲМОНОВ ЮСУФ АХМЕДОВИЧ — 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
 
Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, муфаттиш, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини сардори раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.
 
Солҳои 2004 — 2010 муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010 – 2012 дар вазифаи Прокурори вилояти Суғд фаъолият намудааст.
 
Солҳои 2012-2014 ҳамчун машваратчии калон — сардори шӯъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи декабри соли 2014 то имрӯз дар вазифаи муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.
 
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2015 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Январь 24, 2015 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид