Фавти кӯдакон 2,5 ва модарон 3 маротиба кам гардидааст
Душанбе, 07.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- “Ҳифзи сиҳатии кӯдакону модарон аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорат ба шумор меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки то соли 2015 фавти кӯдаконро аз се — ду ҳисса ва фавти модаронро аз чор — се ҳисса кам кунад. Боиси зикр аст, ки дар даҳсолаи охир фавти кӯдакон 2,5 ва модарон 3 маротиба кам гардидааст”. Ин нуктаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба қавли вазир баҳри паст кардани беморшавӣ ва фавти модарону кӯдакон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии меъёрӣ заминаи зарурӣ гузоштааст. Мақсади асосии қабули ин санадҳо — ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобати кӯдакон дар асоси дастовардҳои илмии тибби муосир мебошад.
Соли ҷорӣ таваллудхонаи вилоятии ВМКБ ва шуъбаи таваллудии Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷилликӯл аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва шуъбаи таваллудии Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон, Ёвон аз ҳисоби маблағҳои Бонки рушди Олмон сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуданд.
“Аз ҳисоби Бонки Осиёии рушд дар чорчӯбаи барномаи “Беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак ба воситаи рушди алоқаи нақлиёт” шуъбаи ташхисии Беморхонаи минтақавии шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт ба маблағи зиёда аз 180 000 долари амрикоӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Инчунин аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чорчӯбаи амалисозии беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар вилояти Хатлон шуъбаҳои таваллудии ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Вахш, Ҷ. Румӣ ва Шаҳритус ба маблағи зиёда аз 595 000 доллари амрикоӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуда, дар айни ҳол фаъолият доранд”,- иттилоъ дод Н.Салимзода.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






