Фестивал-озмуни «Суруди сарбоз»
Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи нақшаи чорабиниҳои пешбинишудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола бахшида ба рӯзи таъсиси Артиши миллии кишвар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар тамоми ҷузъу томҳо ва қисму воҳидҳои ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ миёни афсарону сарбозон доир мешаванд.
Вобаста ба ин як ҳафта мешавад, ки дастаи ҳаваскорони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, сарбозони гарнизонҳои Душанбе ва Хатлон дар фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» байни ҳам бо барномаҳои рангини фароғатӣ ҳунарнамоӣ менамоянд.
Дар ҷараёни баргузории фестивали мазкур аён гардид, ки аксари сарбозон дар он омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Беҳтарин хониши шеъру суруд, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ ва дигар ҳунару истеъдодҳои баланд дар иҷрои онҳо мушоҳида мегардид.
Ҷараёни баргузории озмунро ҳайати ҳакамон назорат намуда, ба маҳорату малакаи дастаҳои ҳунарӣ баҳогузорӣ намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки мақсад аз ташкили ин гуна чорабиниҳо, бедор намудани ҳисси ватандӯстии насли созандаи ин марзу бум, эҳтиром гузоштан ба маҳорати ҷавонони соҳибҳунар ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани онҳо мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






