«Ганҷи сухан»-маҳфили адабӣ

Январь 20, 2015 10:02

Суғд, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Дар бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки аҳли қалам ва устодон нишасти 124-умин махфили илмию адабии «Ганҷи сухан» баргузор гардид.
Дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Аъзамҷон Ҳотамӣ андешаҳояшро доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли 2014, иқдомҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба эълон шудани соли гулҳо ва татбиқи барномаҳои роҳҳои обод, рушди ҳунарҳои мардумӣ баён дошт.
Тибқи барномаи нишаст мутахассиси шуъбаи табъу нашри донишгоҳ Баҳодурчон Ашрафов доир ба навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Шарифҷон Тоҷибоев дар мавзӯи «Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва тафсири ӯ» ва дотсенти ДДҲБСТ Исломҷон Раҳимов перомуни мавзӯи «Тақвими адабиёт ва фарҳанг» сухан гуфтанд.
Дар ин бора ба мухбирамон мутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ Нодира Раҳмонова иттилоъ дод. 
 
 

Январь 20, 2015 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад