Гардиши тиҷорати хориҷӣ дар соли 2014 — беш аз 5 млрд.$
Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Аз рӯи нишондиҳандаҳои омори гумрукӣ ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ маблағи 5 миллиарду 319 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 314 млн доллар зиёд мебошад.
Тавре ки дар ҳисоботи солонаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, дар соли 2014 воридот 4 млрд-у 340 млн. доллар ва содирот 979 млн. долларро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, маҳсулоти нафтӣ ба миқдори 580 ҳазор тонна ва ба маблағи 508 млн доллар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 218 ҳазор тонна, ё ин ки 129 млн доллар бештар мебошад. Ҳамчунин дар воридот ҳиссаи бештарро воридоти гандум, воситаи нақлиёт, гази моеъ ва равғани растанӣ ташкил додааст.
-Дар содирот мавқеи асосиро алюминий ва маҳсулотҳои он, пахта ва маҳсулоти меваю сабзавот ташкил додааст,- гуфт Неъматбой Раҳматов, муовини сардори Хадамоти гумрук имрӯз, 14-уми январ дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






