Гузаронидани корҳои санҷишӣ дар Хатлону Суғд
Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар натиҷаи гузаронидани корҳои санҷишӣ дар вилояти Хатлон, Суғд ва тибқи маълумотҳои пешниҳодкардаи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муайян кард, ки дар ҷумҳурӣ дар соли 2014 майдони 33 540 гектар замини корам, аз ҷумла 16 783 гектар корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки нисбат ба соли 2013 17 920 гектар, аз ҷумла обӣ 4 115 гектар зиёд буда, аз ҷумла дар вилояти Хатлон майдони 8 103 гектар замини корам, аз он 7 201 гектар корами обӣ ва дар вилояти Суғд майдони 23907 гектар замини корам, аз он 9 277 гектар корами обӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 1 530 гектар замини корам, аз ҷумла 305 гектар корами обӣ мебошад.
Сабабҳои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани ин заминҳо гуногунанд. Аз ҷумла, бо сабабҳои шўршавӣ ва ботлоқшавӣ — 880 гектар, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот — 1 105 гектар, дар натиҷаи селоб зер кардан — 664 гектар, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ — 211 гектар, аз нав таъмин ва таҷдид намудани шабакаҳои обёрикунанда — 134 гектар, набудани об барои обёрӣ — 9 510 гектар ва корҳои ғайриқаноатбахши ташкили хоҷагидорӣ — 20 003 гектар мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






