Хадамоти гумрук: мусодираи 113 кг 274 гр моддаи нашъаовар

Январь 14, 2015 15:17

 
Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Раъно Нусратуллозода).- Дар соли 2014 аз ҷониби мақомоти гумрук 5 ҳазору 356 ҳолати қонуншикании гумрукӣ ошкор  шудааст, ки 47- тои он ҷиноят буда, 17 ҳолат ба қочоқи маводи нашъаовар, 3 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва 27 ҳолат ба дигар ҷиноятҳо рост меояд,- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматҷон Раҳматов. 
 Аз гардиши ғайриқонунӣ 113 килограмму 274 грамм моддаҳои нашъаовар гирифта шуданд. Аз ин миқдор 44 килограмму 911 граммро героин, 46 килограмму 296 граммро афюн,  21 килограмму 764 граммро ҳашиш ва 303 граммро бангдона ташкил медиҳад. Инчунин  1 ҳазору 325 дона ҳаби психотропии экстозӣ боздошт шуд.  Дар натиҷаи баррасии 5 ҳазору 309 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 5 ҳазору 128 нафар шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 7 миллиону 905 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин ба маблағи 65 миллиону 956 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуда, ба маблағи 137 ҳазору  713 сомонӣ молҳо мусодира гардиданд.
Маблағи умумии ҷаримаҳо, молҳои мусодирашуда ва пардохтҳои гумрукии аз ҳисоби ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ситонидашуда 74 миллион сомониро ташкил менамояд,-гуфт Н.Раҳматов. 
Инчунин дар нишасти матбуотӣ сардори КВД «Маркази равзанаи ягона» дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Розиев оид ба назорат ва барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт бо истифода аз низоми электронии «Равзанаи ягона» маълумот дод.
 

Январь 14, 2015 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!