Хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ-27 млрд. 594,4 млн. сомонӣ
Душанбе, 15.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Мутобиқи маълумоти расмии оморӣ то 1 декабри соли 2014 музди миёнаи меҳнати номиналии кормандони ҷумҳурӣ 809,85 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,7 фоиз афзудааст. Ин нуктаро имрӯз, 15 январ зимни нишсти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода таъкид сохт.
Хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ то 1 ноябри соли 2014 27 миллиарду 594,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои хариди молҳо ва пардохти хизматрасонии аҳолӣ 48,6 фоиз ва барои пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳаққи узвияти ихтиёрӣ 21,9 фоизро ташкил кард.
Бино ба иттилои вазир дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти назоратии вазорат 2403 адад санҷиш гузаронида шуд, ки аз он 1227 санҷиш ба масъалаҳои меҳнат, 616 санҷиш ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 30 санҷиш ба масъалаҳои муҳоҷират ва 530 санҷиш ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ рост омада, дар маҷмўъ 929 корхонаву муассисаи давлатӣ, 1119 корхонаю ташкилоти хусусӣ ва 355 субъекти хоҷагидори шакли дигари моликиятро фаро гирифт.
“Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 7884 адад қонунвайронкунӣ (дар соли 2013 — 11777 адад) ошкор гардид, ки 3793 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1893 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 122 ҳолат ба масълаҳои муҳоҷират ва 2076 ҳолат ба масъалаҳои шуғл иртибот дорад”,-илова намуд С.Тағойзода.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






