Хатлон: 1308 нашъаманд дар қайди диспансерҳои наркологӣ
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- «Дар соли 2014 аз тарафи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз се тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 501 кг маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ мусодира гардид. Инчунин дар диспансерҳои наркологӣ 1308 нашъаманд ба қайди расмӣ гирифта шудааст аз ҷумла 17 зан, ки ин нишондод нисбат ба соли 2013 — 3,7 % зиёд мебошад», -иттилоъ дод сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон М. Хайруллозода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон инчунин зикр намуд, ки дар соли 2014 дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷаласаҳои сайёри Ситоди амалиёти “Кӯкнор-2014” гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади коркарди амалҳои муштарак барои бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар, интиқоли он, пешгирии истеҳсол ва фурӯши маводи нашъаовар, ҷамъоварии иттилоот оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






