Хатлон: Афзоиши муштариёни кортҳои пластикӣ
Қурғонтеппа, 16.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мурод Назариён ).-Дар муқоиса ба соли 2013 дар қаламрави вилояти Хатлон теъдоди банкоматҳо ва пос терминалҳо 107 адад зиёд шуд, ки шумораи умумии онҳо то охири соли 2014 маҷмӯан ба 348 адад (115 адад банкомат ва 233 адад пос-терминал) расидааст. Дар ин бора ба хабарнигорон аз бахши қурғонтеппагии Бонки миллии Чумхурии Точикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии истифодабарандагони кортҳои пластикӣ то 31 декабри соли 2014 маҷмӯан 252 504 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 391 нафар ё 86,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла, теъдоди нафақахӯрони дорои кортҳои пластикӣ 108 970 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 71 294 истифодабаранда дар минтақаи Қӯрғонтеппа ва дар дар минтақаи Кӯлоб 37 676 нафар нафақахӯр аз кортҳои пластикӣ истифода мебарад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






