Хатлон: татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Аз рӯи ҳисоботи сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон С. Мӯсоев, соли 2014 дар вилоят 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда 398,2 млн. долларро ташкил медиҳад, ки ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, об, ирригатсия, энергетика, нақлиёт, коммуналӣ ва дигар соҳаҳо равона шудааст.
Аз ҳисоби соҳибкорон дар ин муддат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 381 адад биною иншоот ва корхона ба маблағи 263,5 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуда, 2536 ҷойи корӣ муҳайё гардид.
Инчунин раёсат дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 94 адад лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия намуда, барои пайдоиши сарчашмаи сармоягузорӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд. Аз ин ҳисоб ба 29 нафар соҳибкор ба маблағи 18, 5 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардида, дигар лоиҳаҳо дар марҳилаи омӯзиш қарор доранд.
Дар ин муддат 22 маротиба музоядаҳо гузаронида шуда, дар онҳо 32 адад биною иншоот, воситаи нақлиёту механизмҳо ва дигар намуди амволи давлатӣ ба маблағи умумии 1 млн 160 ҳазору 275 сомонӣ хусусӣ ва ғайридавлатӣ гардонида шуда, маблағҳо ба буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ворид шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






