Хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ беҳтар шудааст
Душанбе, 08.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар соли 2014 корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба маблағи 126 млн 575 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2013-ум ба маблағи 17 млн 808 ҳазор сомонӣ ё 16 фоиз афзудааст. Аз маблағи хизматрасонии корхонаҳои соҳа ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 35 млн. 165 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст,- гуфт Алимурод Тағоймуродов, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” имрӯз, 8-уми январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 43 млн. 740 ҳазор сомонӣ хизмат расонидаанд, ки нисбат ба соли 2013-ум 14 фоиз зиёд аст.
Гуфта мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи корхонаҳои коммуналии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба маблағи 29 млн. 347 ҳазор сомонӣ иҷро шуданд, ки 103 фоизи иҷрои нишондодҳои пешбинишуда мебошад. Таъмири фонди асосии манзил ба маблағи 228 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст.
Дар мавсими дарахтшинонӣ 58 ҳазор бех дарахти ҳархела шинонида шуд, ки ин 113 фоизи иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишударо ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии кашонидани партовҳо 464 ҳазор метри кубиро ташкил дод, ки 112 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






