Ховалинг: соҳилҳо мустаҳкам мешаванд
Ховалинг, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба хотири пешгирии зарари селфароӣ дар ноҳияи Ховалинг корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд. Дарёчаи Оби мазор, ки аз маркази ноҳия мегузарад, дар фасли баҳор бештар сокинони маҳаллаҳои Сари осиёб, Оби рӯшан, Дӯстӣ ва боз чанд деҳаи дигарро азият медиҳад. Сокинони деҳаҳои мазкур дар рӯзҳои истироҳат ба ҳашар баромада, соҳилҳоро бо симтӯр мустаҳкам намуда истодаанд. Дар ин мавзеъ то имрӯз бо кумаки ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 800 метр соҳили чапи дарёча бехатар гардонида шудааст.
То оғози боронҳо ва баланд шудани маҷрои оби дарёча сокинони маҳаллаҳои мазкур мақсад доранд боз 700 метри соҳилро бо симтӯр мустаҳкам намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






