Хуҷанд: Чемпионати кушод оид ба каратэ-до
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд 24-25 январи соли равон чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ-до байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон бахшида ба таътили зимистона баргузор гардид.
Дар мусобиқа аз 7 минтақа- аз ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, ва шаҳрҳои Истиқлолу Хуҷанд ҳамагӣ 362 нафар иштирок намуд.
Аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ дастаи варзишгарони шаҳри Хуҷанд бо 22 медали тилло, 14 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ натиҷаи аз ҳама беҳтарро нишон доданд. Дар маросими ҷамъбастӣ мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва раиси Федератсияи каратэ-до дар вилояти Суғд Вадим Джо-Чун-Си иштирок намуда, ба ғолибон ҷоизаҳои ғолибиятро супориданд. Ҳамчунин ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Зафаробод мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






