Хуҷанд: Таъмири 100 км роҳ дар соли 2014
Хуҷанд, 02.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд соли сипаригашта наздик ба 100 км роҳҳое, ки аҳамияти минтақавиву маҳаллӣ доштанд, аз таъмир бароварда шуданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Идораи таъмиру роҳсозии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар соли 2014 аз тарафи кормандони идораи мазкур роҳҳои ҳудуди шаҳр дар умум ба масоҳати 96,8 км, аз ҷумла 43,7 км аз таъмири асосӣ ва 53,1 км аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба миқдори умум 2332,9 тонна асфалт хобонида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин самт инчунин 2000 метри квадратӣ роҳҳои пиёдагард сафолакпӯш шуда, ба маблағи 249 ҳазор сомонӣ корҳои рангубори ҳошия (бардюр), кашидани хатти уфуқӣ ва аломатгузории роҳҳо ба сомон расонида шуд.
Бояд гуфт, ки дар ин раванд дар доираи иҷрои барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» дар қаламрави вилояти Суғд ба ҷои 2350 км роҳҳои ба нақша гирифта шуда, дар маҷмӯъ дар масоҳати 2826,4 км роҳҳои мошингард таъмиру тармим шуданд, ки дарозии роҳҳои мумфаршшуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2013- 2,8 маротиба зиёд аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






