Хуҷанд: таъсиси 1000 ҷойи нави корӣ
Душанбе, 7.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар давоми соли 2014 ба миқдори 490 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013- ум 82, 1 миллион сомонӣ зиёд аст.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоь доданд, дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 153 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 адад афзуд. Барои навсозии технология ва замонависозии корхонаҳои саноатии навташкил зиёда аз 44 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ масраф шуда, 1000 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






