Иқдоми ҷавонон: Ватанро сарсабз мегардонем!

Январь 5, 2015 16:17

Душанбе, 05.01.2015 (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар радифи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сабзу хуррам гардонидани кишвар, инчунин ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба ин раванд амалиёти 100 рӯзи ниҳолшинониро таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» эълон намудааст.
Дар доираи ин амалиёт ҷавонону наврасон ва кормандону алоқамандон ниҳолҳои гуногуни сояафкану мевадиҳандаро ҷамъоварӣ карда, дар боғу гулгаштҳо ва мавзеъҳои лозимӣ мешинонанд. 
Масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иқдоми мазкурро барои иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ободу сарсабз гардонидани кишвар муҳим арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки  ин кор метавонад барои боз ҳам зебо ва тозаю озода гардидани кишвар мусоидат намояд, зеро ба таъкиди масъулин, дарахту ниҳолҳои гуногуни сарсабз ҳаворо тоза намуда, аз ҷиҳати экологӣ ба манфиати сокинони кишваранд. 
Иқдоми мазкур дар давоми 100 рӯз идома ёфта, дилхоҳ шаҳрванд метавонад дар ин амалиёт иштирок намояд ва саҳми худро дар ободии диёри маҳбуб-  Тоҷикистон гузорад. 
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамаи ҷавонони фаъоли кишварро ба ин амалиёт даъват менамояд: Биёед бо ҳам ниҳол шинонем, то ин Ватанро сарсабзу хуррам гардонем! 
Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.

Январь 5, 2015 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд