Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии МО ҶТ
Душанбе, 24.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- 24 январи соли 2015 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №329 аз 19 январи соли 2015 «Дар бораи даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид, ки дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ба баррасии 2 масъалаи дар он шомилгардида, шуруъ намуданд.
Тавре Ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов иттилоо дод, дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳодоти Президенти мамлакатро дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Шерхони Одина ва ба ин вазифа таъин намудани Раҳмонов Юсуф Ахмедович, ҷонибдорӣ намуданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати фаъолияти анҷомдодаи Салимзода Шерхони Одина ба ҳайси Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои мутақобила дар самти назорати риояи якмароми сандаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар аз номи Маҷлиси миллӣ изҳори миннатдорӣ карда, дар фаъолияти минбаъдаи мавсуф ва Прокурори нави генералии кишвар барору комёбиҳо орзу намуд.
Дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва кулли иштирокчиёни иҷлосия давъат ба миён овард, ки дар татбиқи нишондодҳои Паёми ироагардидаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ҳарвақта баҳри фароҳам овардани шароитҳои арзанда барои инкишофи озодонаи аҳли ҷомеа тадбирҳои муассир андешанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






