Ифтитоҳи 14 маркази омӯзишӣ дар Суғд

Январь 8, 2015 09:49

Хуҷанд, 08.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар соли 2014 дар вилояти Суғд аз ҷониби Кумитаи Имдоди имом Хумайнӣ 14 маркази  омӯзишӣ  ташкил шуд.
Тавре ки ба хабарнигори мо дар вилояти Суғд роҳбари намояндагии бахши суғдии Кумитаи  Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон  Фирдавс Ашӯрматов иттилоъ дод, дар давоми соли сипаригашта бо ҳиммати Раёсати Кумитаи Имдод дар вилояти Суғд  бо роҳандозии ҳамаҷонибаи раиси Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Мехдӣ Ибодӣ  ва бо ҳамдастии  раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  14 коргоҳи омӯзишӣ рӯи кор омад, ки  дар анҷоми соли 2014  теъдоди чунин  коргоҳҳои фаъол  ба 36 адад расид. 
Ба гуфти манбаъ, соли 2014 бахши кумитаи мазкур дар асоси шиори «Эҳёи шуғли хонагӣ»  корҳои зиёдеро  ба анҷом расонидааст. 
Аз ҷумла, баҳри эҳёи ҳунарҳои миллӣ барои занони деҳот ва шаҳр 7 маркази ройгони омӯзиши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ роҳандозӣ шудааст, ки бо ин васила наздик ба 400 нафар зан аз тариқи омӯзиши ройгон соҳиби  касб гардид 
Ҳамзамон баҳри ҳунаромӯзии ҷавонон дар соли сипаригашта  дар марказҳои кумитаи мазкур наздик ба  4 ҳазор ҷавони вилоят ба омӯзиш фаро гирифта шуд. 
Ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва  оғози фаъолияти саҳмдорони хоҷагиҳои навтаъсис дар ин муддат ба 180 нафар шаҳрванд қарзҳои имтиёзноки бефоиз низ дода шуданд. 
 
 
 

Январь 8, 2015 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!