Ифтитоҳи Минтақаи маъмурии милитсия дар деҳаи «Хоҷаи аъло»
Душанбе, 08.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, намояндагони мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Исфара, хайати шахсӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ 7 январ маросими ифтитоҳи Минтақаи маъмурии милитсия дар деҳаи Хоҷаи аъло баргузор гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВКД иттилоъ доданд, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсии минтақа ва аҳли ҷамоатро бо ифтитоҳи ин минтақаи хизматӣ табрик намуда, барои пеш бурдани фаъолияти хизматӣ ба ин минтақа як мошини тамғаи «Нива» тақдим намуд.
Зикр гардид, ки дар Минтақаи маъмурии милитсия тамоми шароити хизматӣ ва моддӣ-маишӣ барои кормандон муҳайё гардидааст, ки ин ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти хизматӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Ҳамзамон ба ҳайати шахсӣ таъкид шуд, ки дар ҳамкорӣ ва якҷоя бо аҳли ҷамоат муборизаро бар зидди ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояту ҷинояткорӣ ба роҳ монанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






