Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ
Душанбе, 10.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Асадулло дар давраи ҳисоботӣ суруду оҳангҳои ҳунармандони дастаҳои ҳунарии “Дарё”, “Шашмақом”, “Фалак” ва “Ориё”, инчунин ҳунари раққосаҳои ансамбли “Гулрез”-и кумита аз тариқи радиову телевизион ва толорҳои консертӣ пешкаши ҳаводорони санъат гардид.
Гуфта мешавад, ки ҳамаи ансамблҳои дастаҳои ҳунарӣ дар барномаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бахшида ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай фаъолона ширкат варзиданд.
Дар ин давра кумита Ёддошти тафоҳум миёни Раёсати умумии радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Созишнома байни Ширкати миллии давлатии телерадиошунавонии Ҷумҳурии Беларусро ба имзо расонид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






